9 Октябр 2025 - 12:53
Source: ABNA
Эрон дар миёни 10 кишвари дорои тавони комили сохт ва партоби моҳвора

Эрон дар зумраи 10 кишвари муътабар дар арсаи сохт ва партоби моҳвора қарор дорад. Ҳасан Салория, раиси Созмони фазоии Эрон, эълом кард, ки бо такя бар қобилиятҳои бумӣ, ин кишвар тавонистааст ҳамзамон лоиҳаҳои моҳвора ва партобгарро рушд диҳад ва ба пешрафтҳои қобили таваҷҷӯҳе дар ин замина даст ёбад.

Ба гузориши Хабаргузории байналмилалии Аҳлулбайт (а) – Абно – Ҳасан Салория, раиси Созмони фазоии Эрон гуфт: "Дар миёни беш аз дусад кишвари ҷаҳон, танҳо ҳудуди даҳ ё ёздаҳ кишвар тавони комили сохт ва партоби моҳвора доранд, ки Эрон низ дар ин ҷамъ қарор дорад. Ин кишварҳо шомили Русия, Чин, Амрико, бархе кишварҳои аврупоӣ ва Ҷопон ҳастанд, ки собиқаи тӯлонӣ дар санъати фазоӣ доранд."

Вай гуфт: "Эрон бо атко бар тавони бумӣ, рушди ҳамзамони моҳвора ва партобгарро пеш бурдааст. Моҳворасозӣ дар кишвар умдатан ба сурати яксозӣ анҷом шудааст, аммо бо оғози лоиҳаи манзумаи моҳвораии Шаҳид Сулаймонӣ, мафҳуми тавлиди теъдодӣ вориди адабиёти фазоии Эрон шудааст."

Раиси Созмони фазоии Эрон афзуд: "Аз ними даҳаи 80 (тақвими Эронӣ) ва бо таърифи лоиҳаҳои моҳворасозӣ дар донишгоҳҳои Шариф, Амиркабир, Илму саноат ва Молики Аштар, мавҷи тарбияти нерӯи инсонӣ оғоз шуд. Ин нерӯҳо муваффақ ба сохти нахустин моҳвораҳо шуданд."

Ҳасан Салория изофа кард: "Нуқтаи атфи ин масир, партоби муваффақи моҳвораи Умед дар соли 1387 (2008 мелодӣ) буд, ки эътимоди миллӣ ба тавони қарор додани ҷисм дар мадорро эҷод кард."

Your Comment

You are replying to: .
captcha